Гузаштагони мо аз замонҳои қадим вобаста ба фаслҳои гуногуни сол ва дигаргуншавии аҳволи табиат ҷашнҳои зиёдро таҷлил мекарданд, аз қабили Наврӯз, Меҳргон, Сада, Тиргон ва ғайра. Албатта, ҳар якеи онҳо ба унсурҳои моддӣ ва ҳодисоти табиат ба мисли обу хок, замину осмон, боду ҳаво, барфу борон, гармову сармо, оташу нур, равшанию торикӣ, кӯтоҳию дарозӣ ва баробаршавии шабу рӯз иртибот дошта, ҳамчун пайвандгари муҳаббати инсон ба табиат, баёнкунандаи эҳёи аносири табиат ва манофеи онҳо, оғози корҳои баҳорӣ, истифодаи неъматҳои табиат ва қадрдонӣ аз онҳо дониста шудаанд. Мутаасифона, ҷашнҳои болозикр муддате (замони пеш аз истиқлол) аз доираи иду ҷашнҳои расмӣ канор монда буданд, аммо онҳо дар ёду қалб ва анъанаву одоти халқи тамаддунсозу фарҳангдӯсти тоҷик мақоми хоссаву мондагор доштанд. Гарчӣ пас аз солҳои 1980 таҷлили қадимтарин ва фархундатарин ҷашни миллии мо – Наврӯз бо вижагиҳояш тақвият меёфт, лек ҳанӯз ба мақом ва моҳияти аслии худ нарасида буд. Хушбахтона, Наврӯз баъди соҳибистиқлолиятии кишвар ҷойгоҳи хосса пайдо кард ва дар радифи ҷашнҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷиикисто ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ қарор гирифт. Албатта, ин иқдом бо ташаббус ва талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин муҳаққиқону донишмандони фарҳангдӯсти тоҷик ба амал вайваст.














