Ба таваҷҷуҳи довталабони унвонҳои илмӣ, муҳаққиқон, омӯзгорон ва муаллифон расонда мешавад, ки риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти фаъолияти ноширӣ, ҳифзи ҳуқуқи муаллиф ва тартиби расмии интишори асарҳои илмӣ шарти асосии арзёбии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ-методӣ мебошад.
Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2005, №239 нашриёт ва чопхонаҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликият, уҳдадоранд китобҳо ва дигар маҳсулоти чопиро танҳо баъд аз гирифтани Рақами байналмилалии стандартии китоб (ISBN) аз Муассисаи давлатии «Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб – «Хонаи китоби Тоҷикистон» ба нашр расонанд. Нашри ҳар гуна маводи илмӣ, таълимӣ ва дигар маҳсулоти чопӣ бе гирифтани рақами расмии ISBN хилофи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Таҳлили парвандаҳои аттестатсионӣ, нишон медиҳад, ки аз ҷониби баъзе довталабон ва шахсони масъул талаботи мазкур риоя намегардад.
Аз ҷумла:
- китобҳо, воситаҳои таълимӣ, дастурҳои таълимию методӣ ва дигар маводди илмӣ бе рақами ISBN ё бо рақамҳои сохта, беэътибор ё ба нашрияҳои хориҷӣ тааллуқдошта пешниҳод мешаванд;
- як рақами ягонаи ISBN барои интишори якчанд нашрияҳо истифода бурда мешавад, ки ин амал хилофи талаботи байналмилалии рақамгузории стандартии китоб мебошад;
- баъд аз ворид намудани тағйирот ба асар, аз ҷумла тағйири унвон, ҳайати муаллифон, мураттибон, муҳтаво, шумораи саҳифаҳо ва дигар маълумоти библиографӣ, рақами нави ISBN гирифта нашуда, бо рамзи қаблӣ нашр мешавад;
- ҳолатҳои нақзи ҳуқуқи муаллиф, аз ҷумла рӯйбардории пурра ё қисман аз китобҳо, монографияҳо ва дастурҳои таълимию методии олимону муҳаққиқони ватаниву хориҷӣ, инчунин, ҳамчун муаллиф ё ҳаммуаллиф нишон додани довталабон бидуни саҳми воқеии илмӣ ба мушоҳида мерасад.














